Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми нишасти ИДМ дар Бишкек


Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ дар пойтахти Қирғизистон ба анҷом расид.

Дар изҳороти ниҳоии нишасти Бешкек омадааст, ки ҳадаф аз ин мулоқоти раҳбарони кишварҳо тавсеаи ҳамкориҳои муфиди байниҳамдигарӣ ва таҳкими мизони рақобатпазирии минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ будааст.

Аммо расонаҳои хабарии Русия бо ишора ба коҳиши шумораи раҳбарони кишварҳо дар мулоқоти Бишкек иброз доштаанд, ки амалиёти низомии Русия дар хоки Гурҷистон аъзои Иттиҳодро нигарон кардааст. Дар нишасти Бишкек президентҳои Озарбойҷону Украина ҳузур надоштанд. Раисҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ бошад, аслан узвияти кишвараш дар Иттиҳодро мутаваққиф намудааст.

Русия бо ҳар роҳу восита кӯшиш дорад, ки аз фурӯпошии фазои муштарак дар қамлаври собиқ Шӯравӣ пешгирӣ кунад, вале ҷанги Қафқоз татбиқи чунин ибтикорро беасар намуд. Сарфи назар аз талошҳои Маскав ягон ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ ба пайравӣ аз Русия истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон - Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф накардааст.

Ба назар мерасад, ки президенти Русия Дмитрий Медведев ҳам аз ташвиши аъзои Иттиҳод хабардор аст ва кӯшиш дорад, ки ташаннуҷи дохили онро аз байн барад. Дар Бишкек Медведев дар бораи тақвияту танзими ҳамкориҳои Иттиҳод ҳарф зада, таъкид кард, ки ба истилоҳ СНГ бояд ба монанди Иттиҳоди Аврупо дар шароити бӯҳрони молии саросарӣ амал кунад. Ӯ ваъда дод, ки кишвараш ба Қирғизистон кӯмаки иқтисодиву башарӣ хоҳад расонд. Қабл аз сафари президент Медведев ба Қирғизистон як ҳавопаймои кумитаи вазъиятҳои фавқулодаи Русия ба мардуми аз заминларза осеб дидаи Қирғизистон кумакҳои башарӣ интиқол дода буд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони кишварҳо ғайримустақим эътироф кардаанд, ки аксари созишҳое, ки дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои муштарак-ул-манофеъ ба имзо мерасанд, дар рӯи коғаз монда, ҳеҷ гоҳ иҷро намешаванд. Баъзе шореҳони шаккок мегӯянд, ки коҳиши таъсири ИДМ аз рӯзи ташкили он то имрӯз идома дорад. Дигарон дар мавриди Иттиҳоди мазкур назар мусбат дошта, исрор меварзанд, ки мулоқот дар чорчӯби СНГ имкон медиҳад, раҳбарон дар вазъияти ғайрирасмӣ ихтилофҳояшонро баррасӣ кунанд.

Вале ҳадди ақалл як касе, ки аз ин нишаст, нишасти Бишкек, пирӯзии комил ба даст овард, ин раисҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мебошад. Мизбонии мулоқоти Бишкек нороҳатии раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳод аз президент Боқиевро аз байн бурд. Соли 2005-ум вақте Боқиев дар натиҷаи ошӯбҳои зиддидавлатӣ сари қудрат омад, раҳбарони худкомаи мамолики минтақа хеле ҳам дар ташвиш буданд.

XS
SM
MD
LG