Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи иқтисодии Душанбе муҳокимаи шикоёти шабакаи хусусии «Сомониён» алайҳи Кумитаи телевизиён ва радиои Тоҷикистонро шурӯъ кардааст.

Ин шабакаи телевизонӣ, ки бар асоси як дастури комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радиои Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 бад-ин сӯ аз пахши барномаҳо маҳрум шудааст, иддао дорад, ки лағви иҷозатномаи кориаш аз тарафи комиссиюни литсензионӣ ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Соли 2007 додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси миёни ин шабака ва Кумитаи телевизиён ва радиоро ба манфиати студияи «Сомониён» ҳал карда буд. Вале дар моҳи майи соли равон Комисиюни литсензионӣ дубора бар қарори пешини худ таъкид карда ва иҷозаи фаъолият барои ин шабакаро номумкин хондааст.

Шабакаи хусусии мавсум ба «Сомониён» комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радиои Тоҷикистонро дар расонидани ҳудуди 90 ҳазор сомонии зарар ба ин шабака муқассир хонда ва аз додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе тақозо кардааст, дар рӯёнидани ин маблағ мусоидат кунад.

Ҳамзамон бо ин даъво дар додгоҳи иқтисодии пойтахт муҳокимаи аризаи шикоятии дуввуми ин шабака алайҳи комиссиюни литсензионӣ барои лағви манъи фаъолияти студияи «Сомониён» оғоз шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои студияи «Сомониён» дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, шикоёти ин шабакаи телевизонӣ алайҳи Комиссиюни литсензионии Тоҷикистон бар пояи қавонини ҷории кишвар сурат гирифтааст. Зеро ин комиссиюн ба ҳангоми лағви иҷозатномаи фаъолияти шабакаи «Сомониён» меъёрҳои мавҷуда дар ин соҳаро ба инобат нагирифтааст.

Афзун бар ин қарори додгоҳи олии иқтисодии кишвар, ки дар соли 2007 ин қазияро ба суди студияи «Сомониён» ҳал карда буд, иҷро накарда, баракс дар моҳи майи соли равон дастури лағви иҷозатномаи фаъолияти онро дуруст шуморид .Бар пояи ин далоил шабакаи «Сомониён» боз ҳам ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Аммо дар Комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радиои Тоҷикистон бар ин назаранд, ки раҳбарияти шабакаи «Сомониён» дар ҷараёни фаъолият ба бархе иштибоҳҳо роҳ додааст. Гуфта шуд, ки дар асноди таъсисии ин студия хатоӣ ва навоқиси зиёд ошкор шуд ва низ бархе аз талаботи идораи бозрасии давлатии Кумитаи телевизиён ва радио аз сӯи масъулони ин шабака иҷро нагардид.

Баракатулло Абулфайзов, як масъули Комиссиюни литсензионӣ дар сӯҳбати бидуни микрафон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масоили мавриди баҳси миёни «Сомониён» ва комиссиюни мазкур дар сатҳи мушовирони ҳуқуқӣ ва вакилони дифоъ баррасӣ мешавад. Вале вай таъкид кард, ки баста шудани фаъолияти студияи «Сомониён» ба ҳеҷ ваҷҳ ба муҳтавои барнома ва намоишҳои он иртибот надорад. Баракатулло Абулфайзов бо ишора ба оғози муҳокимаи додгоҳии қазия аз ҷузъиёти бештари мавзӯъ худдорӣ кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои шабакаи «Сомониён» гуфт, додгоҳи иқтисодии пойтахт хилофи риояти қонун замони баррасии шикояти онҳоро барои пардохти ҷуброн аз сӯи Кумитаи радио ва теливизиён баъди муҳокимаи шикоят дар бораи лағви манъи фаъолияти ин шабака гузоштаааст. Ба эътиқоди оқои Қудратов, ин тасмими додгоҳ бидуни мудохилаи мақомот сурат нагирифтааст:

Шабакаи телевизиони «Сомониён» моҳи апрели соли 1998 аз Комиссиюни литсензионӣ муҷаввизи фаъолият дарёфт намуда ва то соли 2003 фаъолият кардааст. Ин шабака бо анҷоми мӯҳлати муҷаввиз, ки барои панҷ сол пешбинӣ мешавад, барои тамдиди он аснод пешниҳод мекунад. Вале дар моҳи марти соли 2005 бо анҷоми маъраки интихоботи Маҷлиси намояндагон дар ин сол ва дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фаъолияти он аз сӯи Комиссияи литсензионӣ баста мешавад.

Ва тайи се соли ахир баҳси миёни шабака ва Комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радио дар додгоҳҳои мухталиф идома дорад. Ва дар соли 2007 додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳсро бар суди шабакаи «Сомониён» хулоса карда, дастури лағви муҷаввизи фаъолияти ин шабака аз тарафи коммисиюни литсензиониро ғайриқонунӣ ҳукм мекунад. Аммо боз ҳам дар моҳи майи соли равон комиссиюни мазкур асноди шабакаи «Сомониён» барои дарёфти иҷозаи фаъолиятро радд мекунад.

Ба ин тартиб, идомаи баҳси шабаки «Сомониён» ва Комиссиюни литсензионӣ боз ҳам вориди додгоҳ шудааст ва ҳоло маълум нест, ки кадоме аз тарафҳо дар ин навбат дурустии худро собит мекунанд.

XS
SM
MD
LG