Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мартӣ Аҳтисаарӣ ҷоизаи сулҳи Нобелро гирифт


Собиқ президенти Финландия Мартӣ Аҳтисаарӣ ба гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2008-ум сазовор гардид.

Номбурда собиқаи бузург ва тӯлонии миёнаравӣ дар эҷоди сулҳро дорад. Кумитаи Нобели Норвегия ба хотири қадрдонии талошҳои эҷоди сулҳ дар Африқо, Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна собиқ раисҷумҳури Финландия Мартӣ Аҳтисаариро барандаи ҷоизаи сулҳ дар соли 2008-ум эълон намуд. Имсол 197 нафар ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуда буданд.

Дар шаҳри Осло Оле Данболт Мийос раиси Кумитаи Нобел гуфт: "Кумитаи Нобели Норвегия ба қароре омадааст, ки ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2008-умро ба Мартӣ Аҳтисаарӣ ба хотири кӯшишҳои муҳимми беш аз 30-солаи ӯ дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ дар қораҳои мухталифи олам тақдим намояд. Ин кӯшишҳо боиси таҳкими сулҳи ҷаҳониву бародарӣ миёни қавмҳои олам дар рӯҳияи Алфред Нобел шудаанд."

Бузургтарин дастоварди Аҳтисаарӣ эҷоди оштиву сулҳ миёни ҳукумати Индонезия ва ҷунбиши озодихоҳи Ачеҳ мебошад, ки ҳаёти камаш 15 ҳазор нафарро аз байн бурдааст. Дар соли 2005-ум бо миёнаравии Аҳтисаарӣ ҷонибҳо созиши сулҳро имзо карданд.

Пиа Аҳренкилде-Ҳансен, сухангӯи Комиссияи аврупоӣ, ҳамчунон саҳми Аҳтисаарӣ дар хатми хушунат дар вилояти Косовои Сербия дар солҳои навадуми асри гузаштаро хотирнишон кардааст. "Мартӣ Аҳтисаарӣ солҳои навадуми асри гузашта дар ташкили конфронси байналмилалии Югославияи собиқ нақши калидӣ дошт. Садоқати Аҳтисаарӣ ва таҷрибаи нотакрори ӯ дар пешбурди музокирот имкон дод, ки соли 1999 бархӯрдҳо дар Косово хотима ёбанд. Ӯ ба ҳайси фиристодаи хоси дабири кулли СММ дар таҳкими назму суботи минтақаи Балакани ғарбӣ саҳм бузург дорад."

Соли равон барномаи Аҳтисаарӣ имкон дод, ки вилояти Косово истиқлолаш аз Сербияро эълон намояд. Ҳарчанд, ки ин амал бо мувофиқати ҳар ду ҷониб сурат нагирифтааст.

Аҳтисаарӣ дар соли 1965 бо таҷрибаи кори муаллими мактаб ба вазорати корҳои хориҷии Финландия сафарбар шуд. Ӯ 20 солро дар хориҷа, аз ҷумла вазифаи сафири кишвараш дар Танзания ва СММ сипарӣ кардааст. Аҳтисаарӣ аз соли 1994 то соли 2000-ум президенти Финландия будааст.

Шореҳон дар миёни номзадҳои пешқадам дар баробари Аҳтисаарӣ ҳомии ҳуқуқи башар аз Чеченистон Лидия Юсуфова ва озодандеши Чинӣ Ҳу Ҷиаро номбар мекарданд. Ҳатто бисёриҳо бо ишора ба 60-умин солгарди қабули Эъломияи Умумии ҳуқуқи башари СММ тахмин меккарданд, ки имкони пирӯзии ҳомиёни ҳуқуқ бештр аст.

Аммо боз ҳам коршиносони зиёд бар ин назар буданд, ки Кумитаи Нобел худро дар муқобили Русияву Чин нагузошта, Аҳтисаариро барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ки имсол ба 1,4 миллион доллар мусовӣ мебошад, эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG