Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳтисаарӣ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд


Мартӣ Аҳтисаарӣ собиқ раиси ҷумҳури Финлонд барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2008 эълон шуд. Оле Данболт Мйос-раиси Кумитаи Сулҳи Норвеж ҳангоми эълони ҷоиза гуфт:

" Кумитаи Сулҳи Норвеж тасмим гирифт, ки ҷоизаи сулҳи Нобелро дар соли 2008 ба мартӣ Аҳтисаарӣ барои талошҳои муҳимаш дар қисматҳои мухталифи сайора дар се даҳсолаи ахир ва барои ҳали муноқишаҳои байналмиллалӣ эъто кунад".

Аҳтисаарӣ аз миёни 197 нафар довталаб баранда шудааст ва акнун соҳиби ин ҷоизаи 1 милёну 400 ҳазор долларист. Вай аз соли 1994 то соли 2000-ум раиси ҷумҳури Финлонд буд.

XS
SM
MD
LG