Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молӣ ниёзи ҷаҳонӣ ба нафтро коҳиш додааст.


Суръати кунди рушди иқтисод ва буҳрони сартосарии молӣ ниёзмандиҳои ҷаҳон ба нафтро коҳиш додааст. Ожонси Байналмиллалии Энержӣ ё Ай И Эй-марказаш дар Порис гуфтааст, чунин ба назар мерасад, ки ниёзи саросарӣ ба нафт мумкин аст соли ҷорӣ афзоиш ёбад, вале мизони он аз пешгуиҳо рузе 240 ҳазор бушка камтар хоҳад буд. Бино ба хабари ин манбаъ, ниёз ба нафт дар кишварҳои пешрафтаи санъатӣ, аз ҷумла дар Амрико, камтар шудааст. Бо назардошти чунин раванд ҳоло Ожонси Байналмиллалии Энержӣ мегуяд, ниёзи саросарӣ ба нафт соли ҷорӣ танҳо 0, 5 дарсад боло хоҳад рафт, ки он аз соли 1993 ба ин суи поинтарин нуқта аст.
XS
SM
MD
LG