Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марз бо Узбакистон ҷасадеро пайдо карданд


Дар минтақаи марзии миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Масчоҳ дар лаби канал ҷасади мардеро пайдо кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Раёсати корҳои дихилаи вилояти Суғд ба матбуъот хабар додааст, ки дар бадани кушташуда 17 захми корд ошкор шудааст. Шахси кушташуда Қурбон Файзиев-сокини 38 солаи шурои деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ будааст. Қотилон ҷустуҷу ва сабабҳои куштор таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG