Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсузӣ дар бозори Шоҳмансури Душанбе


Субҳи имруз дар қисмати ғарбии бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе сухтор сар зад. Дар натиҷаи сухтор маркази тиҷоратии "Наргис" ва таъомхонаву дуконҳои дигар туъмаи оташ шуд. Бино ба хабарҳои муқаддамотӣ, оташ бештар аз 1800 метри мураббаъ масоҳатро фаро гирифтааст ва молекияту дороии тоҷирон ва соҳибкорон ба коми оташ рафтааст. Мақомот мегуянд, бино ба ҳисобҳои тақрибӣ дороии ҳар кадоме аз тоҷирон аз 5 ҳазор то 50-60 ҳазор долларро ташкил медодааст. Бо кумаки мошинҳои оташнишон дар нимаи аввали имруз оташ хомуш карда шудааст. Ҳоло кумисюни вижа сабабҳои оташсузиро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG