Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии артиши ИМ дар таъмири бинои донишкада


Бинои Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ёрии молии ИМА аз таъмир баромад. Дар маросими анҷоми он Майкл Колодзи – раҳбари пиёдагардонии ин барнома, намоянда аз гурӯҳи артиши ИМА оид ба корҳои шаҳрвандӣ гуфт, таъмиргарон кӯшиш ба харҷ доданд, то дар бинои нав дар фасли зимистон барои омӯзгорон гарму роҳат бошад. Ба ин мақсад 72 ҳазор доллар маблағ ба харҷ дода шуд.

Корҳои сохтмониро ширкати маҳаллии «Соҳибкор» анҷом дода, раҳбарии онро гурӯҳи артиши ИМА оид ба корҳои шаҳрвандӣ бар дӯш доштааст. Ин барнома аз ҷониби вазорати мудофиаи ИМ маблағгузорӣ шудааст.

Хайринисо Темирова - раҳбари институти такмили ихтисоси омӯзгорон дар Хуҷанд гуфт, ин ягона ҷоест, ки омӯзгорони мактабҳои миёнаи вилояти Суғд дараҷаи тахассуси худро баланд мебаранд. Хонум Темирова афзуд, ки бинои қаблӣ бисёр тангу фарсуда буда, ҳатто ба номи худ мувофиқ набуд. Ҳамакнун, баъди таъмири бинои дигари бузург, ки дар ихтиёри институт гузошта шудааст, он дорои 18 дарсхона ва хобгоҳ буда , дар як навбат то 700 муаллимро қабул карда метавонад.

Ба гуфтаи вай, дар мактабҳои миёнаи вилояти Суғд ҳудуди 35 ҳазор муаллим кор мекунанд ва барои онҳо танҳо акнун имконият фароҳам оварда шуд ҳадди ақал дар 5 сол як маротиба дар курсҳои омӯзишии институти такмили ихтисос таҳсил кунанд. Вале вай гуфт, ки бинои нав ҳанӯз бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида нашудааст.

Гурӯҳҳои артиши ИМА оид ба умури шаҳрвандӣ, ба гуфтаи дастандаркорони он, ҳар сол ҳазорҳо барномаҳои ироаи кӯмакҳои башардӯстонаро дар кишварҳое дар ҳоли эҳёи баъди даргириҳо, ба мисли Тоҷикистон ва кишварҳои ҷангзада, амсоли Афғонистон ва Ироқ роҳандозӣ мекунад .

Дар вилояти Суғд ҳарбиёни ИМ тамъиру тармими ба ҷуз аз бинои институти такмили ихтисоси омузгорон инчунин бинои мактаби рақами 17 дар ноҳияи Исфараро анҷом додаанд ва таъмири мактаби нобиёни ин ноҳия дар ҳоли анҷомёбист.

XS
SM
MD
LG