Пайвандҳои дастрасӣ

Украина рӯзи 7 декабр интихобот доир мекунад


Normal 0

Дирӯз раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко, ки ду рӯз пеш парлумони кишварашро пароканда кард, 7 декабрро рӯзи баргузории интихоботи зудҳангоми Верховний Рада таъйин кард.

Ба ин тартиб, Украина тайи се соли охир бори севвум интихоботи парлумонӣ доир мекунад.
Нокомии аҳзоби парлумонии Украина ҷиҳати ташкили эътилофи нави ҳоким ба хотири ташкили кобинаи нави вазирон далели аслии мунҳал шудани ҳайъати кунунии парлумон будааст. Эътилофи "норинҷӣ"-и ҳоким дар Украина моҳи сентябр дар пайи аз идомаи иттиҳод бо тарафдорони сарвазир Юлия Тимошенко даст кашидани ҳизби президент Юшенко фурӯ пошид.

XS
SM
MD
LG