Пайвандҳои дастрасӣ

G7 имрӯз бӯҳрони молиро баҳс хоҳад кард


Normal 0

Имрӯз вазирони дороии 7 кишвари саноатии ҷаҳон дар Вошингтон мавзӯъи бӯҳрони ҷаҳонии молиро баррасӣ хоҳанд кард. Иқдоми бонкҳои марказӣ дар саросари ҷаҳон ҷиҳати пойин бурдани нархи баҳраҳои бонкӣ натавонистааст дар амри манъи раванди уфти қиматҳо дар бозорҳои ҷаҳонии бурс таъсири қобили мулоҳиза гузорад. Рӯзи панҷшанбе Dow Jones, нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико аз 9000 нуқта ҳам пойин шуд, ки натиҷае дар 5 соли охир бесобиқа будааст. Қимати саҳмияҳои General Motors , бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико ба сатҳи аз соли 1950 ба ин сӯ бемисл поён рафт.

Бисёре аз бозорҳои Аврупо низ рӯзи панҷшанберо бо уфти дигарбораи шохисҳои умда пушти сар карданд. Доминик Страусс-Кан, мудири Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор дода, ки ҷаҳон дар айни рафтан ба ҳоли рукуд қарор дорад.


XS
SM
MD
LG