Пайвандҳои дастрасӣ

Русия минтақаҳои ҳоилро пурра тарк кардааст


Normal 0

Русия дирӯз гуфт, ки хуруҷи нирӯҳояш аз минтақаҳои ҳоили атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубии Гурҷистонро як рӯз пеш аз замони зарбулаҷал поён додааст. Андрей Нестеренко, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, акнун масъулияти таъмини амният дар минтақаҳои буферӣ пурра бар ӯҳдаи нозирони аврупоист.

Тибқи қарордоди оташбасе, ки дар пайи низоъи низомии моҳи август миёни Русияву Гурҷистон бо миёнҷигии ИА ҳосил шуд, Русия бояд нирӯҳояшро то рӯзи ҷумъа аз Гурҷистон берун мекашид. Вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер, ки кишвараш раёсати давраии ИА-ро бар дӯш дорад, ба хотири таъйиди хуруҷи комили нирӯҳои Русия ба Тифлис рафтааст.
XS
SM
MD
LG