Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян ба фаъолиятҳои ҳастаияш бармегардад


Normal 0

Кореяи шимолӣ гуфтааст, қасд дорад фаъолияти корхонаи ҳастаияш дар Ёнгбиёнро аз сар бигирад. Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ мегӯяд, Пхенян ҷараёни тахриби кори реактори ҳастаии Ёнгбиёнро қатъ ва ҳама нозирони байналмилалиро аз ин корхона берун кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Шон МакКормак ин иқдоми Кореяи шимолиро “таассуфовар”, вале боз ҳам “қобили ислоҳ” номид.

Кореяи шимолӣ дар музокироти шашгона дар ивази имтиёзҳои иқтисодиву дипломатӣ ибтидо розӣ шуд, ки корхонаҳои ҳастаияшро тахриб кунад, вале баъдан Амрикоро айбдор кард, ки бар тааҳҳудаш амал намекунад ва то ҳол исми Пхенянро аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм хатт назадааст.


XS
SM
MD
LG