Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул натоиҷи таҳқиқоти амрикоиҳоро радд мекунад


Normal 0

Муфаттишони афғон натоиҷи таҳқиқоти рӯзи чоршанбе нашркардаи низомиёни Амрикоро, ки мегӯяд, дар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои Амрико ба рустои Азизободи вилояти Ҳирот дар таърихи 22 август ҳамагӣ 33 ғайринизомӣ кушта шудаанд, радд мекунанд. То кунун Амрико ҳалокати аз 5 то 7 ғайринизомӣ бар асари он ҳамлаи низомиро эътироф мекард.

Муҳаммадиқбол Сафӣ, узви гурӯҳи таҳқиқотие, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай таъсис додааст, натоиҷи таҳқиқоти амрикоиҳоро “комилан нодуруст” номидааст. Вай афзуд, ба ҳисоби онҳо, дар Ҳирот дар маҷмӯъ 90 нафар аз мардуми осоишта кушта шудаанд. Ин рақамро таҳқиқоти анҷомдодаи СММ низ таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG