Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фаъъолияти Шоҳидони Яҳуво дар Тоҷикистон


Созмони Шоҳидони Яҳуво, ки фаъъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, тасмим гирифтааст аз ҳукми додгоҳи низомии Гарнизони шаҳри Душанбе ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Ин додгоҳ охири моҳи сентябр аз амри вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳимоят кард, ки аз моҳи октябри соли 2007 фаъъолияти созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳуво дар Тоҷикистонро мамнӯъ эълом кардааст.

Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон баъд аз судури ҳукм тазаккур дод, ки созмони Шоҳидони Яҳуво чандин бор қонунҳои кишварро нақз кардааст, аз ин хотир додгоҳ амри вазорати фарҳангро дуруст донистааст.

Дар ҳамин ҳол, Грегорӣ Олд, яке аз раҳбарони созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳуво дар Амрико, дар як гуфтугӯи телефонӣ ба родиюи «Озодӣ» гуфт: “Мо масъалаи шикоят бурдан аз ҳукми додгоҳи низомии шаҳри Душанберо баррасӣ мекунем, чаро ки ман дар аксари рӯзҳои ҷараёни муҳокима ҳузур доштам ва дар ин рӯзҳо ягон далели нақзи қонун аз тарафи созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳуво дар додгоҳ пешниҳод нашуд. Ягон далели нақзи қонун аз тарафи созмони Шоҳидони Яҳуво дар Тоҷикистон пешниҳод нашуд».

- Аммо дар ҷараёни ин муҳокима иддаъои аслии мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон чӣ буд, ба андешаи онҳо созмони Шоҳидони Яҳуво кадом қонунро поймол кардааст?

- Бар асоси амри вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои манъи фаъъолияти созмони Шоҳидони Яҳуво мо барои таъомули эътиқодоти худ бо дигар шаҳрвандони Тоҷикистон қонунро нақз кардем. Ва ин нақзи қонуни Тоҷикистон нест.

- Масалан, намояндагони мақомоти давлатӣ дар додгоҳ чӣ гуфтанд?

- Вақте ман дар додгоҳ будам, аз додгоҳ хоста шуд, то назари коршиноси ҳукумати Тоҷикистон доир ба эътиқодоти Шоҳидони Яҳуворо баррасӣ кунад, ки онҳо бо эътиқодоти Шоҳидони Яҳуво мувофиқ нестанд. Ва усулан ҳамин чиз дар додгоҳ заминае барои судури ҳукм баррасӣ шуд. Аз ин хотир шумо воқеан мебинед, ки асосан масъалаи мувофиқ набудан ба эътиқод аст, на масъалаи далели нақзи ягон қонун.

- Ва як даъвои мақомоти Тоҷикистон ин буд, ки шумо дар Тоҷикистон пайравони зиёде надоред ва мантиқӣ ҳам нест, ки ба он 500 000 китоб ва ё варақаҳои мазҳабӣ ворид кунед.

- Созмони Шоҳидони Яҳуво дар саросари ҷаҳон миллионҳо адад адабиёт нашр мекунад ва дар саросари ҷаҳон 7 миллион нафар пайравони созмони Шоҳидони Яҳуво ҳастанд ва миллионҳо адади дигар варақаҳои мо нашр шудаанд. Ин кори ғайриқонунӣ нест. Бо назардошти ин воқеъият, ки мардуми зиёде дар курраи Замин, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки мехоҳанд, доир ба китоби Инҷил ва нашароти Шоҳидони Яҳуво доир ба Инҷилро бихонанд. Ва гузашта аз ин мо созмони бар асоси қонун сабти номшуда, таййи 10 сол бар асоси қонун ба кишвар адабиёт ворид кардааст ва бе ягон мухолифати ҳукумат ва дар воқеъ бо ризояти ҳукумат. Ва моро мақомоти дохили ҳукумати Тоҷикистон огоҳ кардаанд, ки қонун ҳеч гуна маҳдудиятро барои ба таври қонунӣ ворид намудани адабиёт ба кишвар пешбинӣ намекунад.

- Вале кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, созмони шумо ба амнияти миллӣ ва барои ҷомеаи Тоҷикистон хатар дорад. Дар додгоҳ шарҳ доданд, ки созмони шумо чӣ хатаре барои амнияти Тоҷикистон дорад?

- Онҳо чунин иттиҳомот эълом карданд, вале ягон далеле дар додгоҳи низомии шаҳри Душанбе ироъа нашуд, ки созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳуво қонунро нақз кардааст. Дар онҷо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки арзишҳо ва эътиқоди худро интихоб кардаанд, то сулҳро ривоҷ дода ва шаҳрванди фармонбардори қонун бошанд. Ва созмони Шоҳидони Яҳуво дар Тоҷикистон ҳам ҳамин аст. Замоне ки фаъъолияти созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳуворо 11-уми октябри соли 2007 мамнӯъ карданд, созмони мо дар Тоҷикистон тақрибан 600 аъзо дошт ва ҳоло, ки фаъъолияти мо маҳдуд шудааст, ман наметавонам, рақами тозаеро ба шумо бигӯям, аммо ба фикрам теъдоди пайравони мо дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст, зеро онҳо шаҳрвандони кишвар ҳастанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд.

- Пас аз мамнӯъ кардани фаъъолияти созмони Шоҳидони Яҳуво дар Тоҷикистон шумо фаъъолияти худро дар ин кишвар идома додед ё на, чаро ки кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомот шумо чандин дафъа қонунҳои кишварро вайрон кардед?

- Созмони Шоҳидони Яҳуво тамоми фаъъолиятҳои худро муттавақиф кард, ба истиснои шикоят бурдан аз ҳукм бар асоси қонун. Аммо тамоми фаъъолиятҳои ниҳоди мо ба хотири риъояти қонун қатъ карда шуд, чун масъала мавриди баррасӣ буд. Ва қазия ҳоло ҳам дар Тоҷикистон чунин аст.

Ёдовар мешавем, ки созмони Шоҳидони Яҳуво созмони масеҳиест, ки пайравонаш китоби Инҷилро бар асоси тарҷумаи худашон таълим медиҳанд. Эътиқоди онҳо аз дигар ҷараёнҳои мазҳаби насронӣ фарқ дорад. Масалан, Шоҳидони Яҳуво Иди Милоди Масеҳ ва Иди Фусҳоро таҷлил намекунанд. Фонӣ будани ҷаҳон яке аз асосҳои мазҳаби Шоҳидони Яҳуво мебошад.

XS
SM
MD
LG