Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ва Ҷомеаи кишварҳои Ҳамсуд


Муовини вазири хориҷаи Қирғизистон гуфт, ки тасмими Гурҷистон барои тарки узвияти Созмони кишварҳои Ҳамсуд мавриди баррасии нишасти рӯзи ҷумъаи ин созмон дар Бишкек қарор мегирад. Аскар Бешимов дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти вазирони хориҷа ва раиси ҷумҳуриҳои кишварҳои узви ин созмон матраҳ хоҳад шуд. Муқаррароти Созмони кишварҳои Ҳамсуд тақозо мекунад, ки аризаи тарки узвияти ин созмон дар давоми 12 моҳ баъди қабули он баррасӣ мешавад. Дар пайи низои мусаллаҳонаи Гурҷистону Русия дар Осетияи Ҷанубӣ моҳи августи имсол парлумони Гурҷистон тақозои президентро барои берун шудани кишвараш аз ҳайати Ҷомеаи Муштарак-ул-Манофеъ ба тасвиб расонид. Вокуниши дигар кишварҳои узви ин созмон ба амалкарди Русия дар Гурҷистон эҳтиёткорона будааст. Дар кори ин ҳамоиш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG