Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди президенти Русия аз Қирғизистон


Бишкек, 9-уми октябр
Бишкек, 9-уми октябр

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, бо сафари расмии худ вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон, шуд.

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, вайро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти танҳо ба танҳо президент Боқиев гуфт, ки ин сафари президент Медведев дар тавсиъаи равобити миёни Русияву Қирғизистон нақши муассир хоҳад бозид.

Боқиев ҳамчунин мутазаккир шуд, ки бидуни шакк густариши ин ҳамкориҳо барои манфиъатҳои мардуми ҳарду кишвар хидмат хоҳанд кард.

Медведев ва Боқиев зимни мулоқот ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар таваққуф намуданд ва дар зимн ҷалби сармоя аз Русияро дар бахшҳои захоири барқ, нафту газ, коркарди маъдан ва саноеъи Қирғизистон таъкид карданд.

Ба гуфтаи Д. Медведев, Қирғизистон барои Русия шарики стротегист ва ин ду кишвар ба ҳам дар мавриди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф иттиҳод бастаанд. Вай афзуд, ки кишвараш бо Қирғизистон ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоъиву башардӯстона ва низомиро вусъат хоҳад бахшид. Медведев ишора намуд, ки Русияву Қирғизистон ҳамчунин сиёсати берунаи худро дар мавриди рафъи таҳдидҳои мавҷуда ҳамоҳанг хоҳанд сохт. Ба дунболи ин раисҷумҳури Русия ҳалокати 75 нафар шаҳрванди Қирғизистонро дар ноҳияи Олойи ин кишвар бар асари заминларзаи шадид бо таассуф ёдовар шуд ва дар шахси президент Боқиев ба қирғизистониҳо ибрози ҳамдардӣ намуд.

Баъд ҳайъатҳои густардаи Қирғизистону Русия паси мизи гуфтугӯ нишастанд ва масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки гуфта мешавад, дар густариши равобити ҳамаҷонибаи миёни ду кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ меофаранд. Ҳамчунин перомуни ба имзо расонидани тавофуқномаҳо дар бахшҳои нерӯи барқ ва нафту газ табодули назар низ сурат гирифт.

Дар поёни музокирот Дмитрий Медведев ва Қурмонбек Боқиев баёнияи муштарак ба имзо расонида, чанд санади ҳамкорӣ миёни Русияву Қирғизистонро низ имзо карданд. Д. Медведев 10-уми октябр дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат хоҳад кард, ки интизор меравад, 20 масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Ва ин ҳам дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки дар ин нишаст раисони ҷумҳури Украина, Озарбойҷон ва Гурҷистон ширкат нахоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дар Бишкек Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд низ баргузор шуд. Дар он Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон низ ширкат кард. Сергей Лебедев, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ибрози таассуф кард, ки Гурҷистон аз узвияти ин Иттиҳод хориҷ шуд. Ба гуфтаи оқои Лебедев вале Гурҷистон зимни ироъаи нота дар мавриди ихроҷи худ аз СНГ таъйид кардааст, ки дар доираи ҳамаи созишномаҳое боқӣ хоҳад монд, ки дар чаҳорчӯби ин иттиҳод ба имзо расидаанд.

10-уми октябр дар пойтахти Қирғизистон сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG