Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушнер роҳии Тифлис шудааст


Бернар Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса, кишвари раҳбарикунандаи феълии Иттиҳодияи Аврупо, то шоми имрӯз бояд вориди Тифлис, пойтахти Гурҷистон шавад, то ки берун шудани нирӯҳои русиро аз манотиқи буферии атрофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон бо чашми худ дида таъйид кунад. Русия имрӯз гуфт, ки нирӯҳояш комилан манотиқи амнро тарк кардаанд. Зарбулаҷали беруншавии артиши рус аз хоки Гурҷистон ба ҷумъа, 10 октябр муқаррар шуда буд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Андрей Нестеренко гуфт, ки назорат бар вазъи амниятии манотиқи буферӣ пурра дар ихтиёри нозирони Иттиҳодияи Аврупо нест. Вай афзуд:


"Хеле муҳим аст, ки дар ин минтақа халои амниятӣ ба вуҷуд наояд. Ба эътимоди мо, вазифаи калидии нозирон дар айни замон ҷилавгирии ҷониби Гурҷистон аз истифодаи нирӯ мебошад".

Русия мегӯяд, ки дар фурсати то шоми 8-уми октябр кулли нирӯҳояшро аз минтақаи амн берун кашида ин амалро мутобиқи созишномаи сулҳ бо Гурҷистон ба иҷро расондааст, ки таҳти миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиб расидааст.
XS
SM
MD
LG