Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин дар пешорӯи интихоботи ҷадиди порлумонӣ


Бори севум аст, ки дар се соли ахир шаҳрвандони Украина ба интихобот хоҳанд рафт.

Тасмими баргузор намудани интихоботи ғайринавбатиро ахиран президенти ин кишвар Виктор Юшенко гирифтааст. Ӯ эълом намуд, ки раъйдиҳӣ барои ташкили порлумони ҷадид 7-уми декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Таҳаввулоти мазкур, ки дар пайи шиддатгирии рақобатҳои миёни В. Юшенко ва муттафиқи пешини вай дар «инқилоби норанҷӣ» нахуствазир Юлия Тимошенко пеш омадааст, аллакай бо интиқодҳои сахти сиёсатмадорон ва мардуми маҳаллӣ рӯбарӯ шудааст.

Юшенко, аз ҷумла, гуфт: "Мутобиқи Қонуни асосии Украина, ман амр медиҳам, ки фаъъолияти даъвати шашуми Верховная Рада боздошта шуда, интихоботи қабл аз муҳлат баргузор карда шавад".

Виктор Юшенко ҳамчунин мутазаккир шуд, ки ҷоҳталабиҳои нахуствазир ва авлавияти манфиъатҳои шахсӣ сабаби пароканда шудани эътилоф мешавад: "Ба эътимоди қавии ман, эътилофи демократӣ танҳо бо иллати як чиз пош хӯрд – ҷоҳталабиҳои инсонии фақат як нафар, ки бо нафси бад талош ба касби қудрат дошта, арзишҳои мутафовитро парастиш мекарду манфиъатҳои шахсиро баландтар аз манофеъи миллӣ гузошта буд, сабаби аслии ин пошхӯрӣ мебошад".

Эътилофи «норанҷӣ»-и порлумонӣ, ки ба он ҳизбҳои нахуствазир Юлия Тимошенко ва раисҷумҳурӣ Виктор Юшенко шомил буданд, 3-вуми сентябр пош хӯрд. Сабаби аз ин эътилоф берун шудани президент ин шуд, ки Тимошенко дар сафи ҳизбҳои рӯ ба Маскави порлумон қарор гирифта, ҷонибдори коҳиши салоҳитҳои президент шуд.

Ҳоло тасмими Юшенко барои таъйини таърихи баргузории интихоботи нав бо танқидҳои шадиди мухолифони сиёсиаш рӯбарӯ шудааст. Иван Кириленко аз ҳизби Юлияи Тимошенко аст ва вай дар сӯҳбат бо бахши украинии радиои Озодӣ гуфт, ки шадидан мухолифи баргузории интихоботи нав аст, чунки инамал, ба бовари ӯ, боиси фалаҷшавии кишвар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, баргузории интихоботи порлумонӣ дар таърихи 7-уми декабр севумин раъйдиҳӣ дар се соли баъди инқилоби норанҷӣ дар Украина мешавад. Баъди раъйдиҳии моҳи марти соли 2006 интихоботи зудраси дигар дар моҳи сентябри соли 2007 даъват шуда буд.

Дар ин рӯзҳо дар Украина назарҳои комилан мухталифро шунидан мумкин аст.

Пошхӯрии эътилофи норанҷӣ нахуст аз иттиҳомоти дуҷониба шурӯъ шуд. Юшенко Тимошенкоро дар он муттаҳам кард, ки бар ивази пуштибонӣ аз муттафиқони рӯ ба Ғарби мисли Гурҷистон вай ба ҷониби Русия дида дӯхтааст. Вале худи Юшенко ҳам барои иҷрои таъаҳҳудоташ дар баробари мардум дар заминаи наздик кардани Украина бо NАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ба пешравии кам даст ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, феълан маълум аст, ки ҳардуи онҳо ва ҳамчунон рақибашон аз ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович умедворанд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2010 иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG