Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе бозии дуввуми ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 баргузор шуд.

Дастаи мизбон - «Энергетик»-и Душанбе аз тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Хуршед Маҳмудов дар нимаи аввали бозӣ ва Шуҷоъат Неъматов дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Ёдовар мешавам, дар бозии аввали ниманиҳоӣ дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 байни дастаҳои CSKA «Помир» ва «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ ва «Энергетик» рӯзи якшанбеи 12-уми октябр баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG