Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи адабиёти Нобел - ба нависандаи фаронсавӣ


Жан-Марӣ Гюстав Леклезио ба гирифтани ҷоизаи имсолаи Нобел дар соҳаи адабиёт муваффақ шуд.

9-уми октябр дар Стокҳолм Акажемияи салтанатии Шветсия ин адиби 68-солаи фаронсавиро, ки ҳамчун муаллифи асарҳои саргузаштиву ваҷди эҳсосот маъруф мебошад, барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 2008 номид. Леклезиоро муҳаққиқи инсоният низ номидаанд.

Аввалин асари Леклезио зери унвони "Le Process-Verbal", яъне "Протокол" дар соли 1963 ба табъ расида, ин нависандаи он замон 23-соларо ба якчанд ҷоизаи маъруф ноил гардонд.

Академияи салтанатии Шветсия мегӯяд, романи "Биёбон"-и Леклезио, ки соли 1980 чоп шудааст, яке аз бузургтарин шоҳкориҳои ҳунар аст, ки дар он фарҳанги нопадидшудаи Шимоли Африқо аз назари як муҳоҷири нохондаи аврупоӣ ба қалам дода шудааст. Академияи ҳунарҳои Фаронса ин асарро бо ҷоиза қадрдонӣ кардааст. Зимнан, романи "Биёбон" ҳамроҳ бо дигар асарҳои Леклезио: "Диего ва Фрида", "Моҳии тиллоӣ" ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Леклезио 14-умин нависандаи фаронсавист, ки ба гирифтани ҷоизаи Нобел сазовор дониста мешавад.

Маросими ботантанаи тақдими ҷоизаи баробар бо як миллиону чорсад ҳазор доллари Амрико 10-уми декабр дар Шветсия барпо мешавад.

Тибқи дастурҳои академияи салтанатиии Шветсия барандаи ҷоизаи Нобел аз байни панҷ довталаби беҳтарин интихоб мешавад, вале эълони номи онҳо то лаҳзаи охирин манъ мебошад. Аслан, ҷоизаи ба номи кошифи динамит Алфред Нобел дар бахши адабиёт сар аз соли 1901-ум тақдим мешавад. Соли гузашта нависандаи британиявӣ хонум Дорис Лессинг барандаи ин ҷоиза эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG