Пайвандҳои дастрасӣ

Нависанда Леклезио барандаи ҷоизаи Нобел шуд


Нависандаи фаронсавӣ Жан Марӣ Густаве Леклезио барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд. Фарҳангистони Шветсия зимни эълони ҷоиза гуфт, ки Леклезио барои достонҳои пурмоҷарову пурҳодиса ва барои асарҳои бачагонааш бо ин ҷоизаи бонуфуз қадр мешавад. Ҳоратсе Энгдаҳл, муншии доимии Фарҳангистони Шветсия зимни тақдими ҷоиза гуфт:

"Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2008 ба нависандаи фаронсавӣ Жан Марӣ Густаве Леклезио, муаллифи достонҳо роҷеъ ба сафарҳои нав, саргузаштҳои шоирона ва пурэҳсос, фотеҳи арзишҳои инсоният фаротар аз тамаддуни ҳоким тақдим мешавад".

Леклезио муаллифи қариб 40 асар аст, ки ба фаронсавӣ навишта ва ба дигар забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Ӯро чун ҷаҳонгарди хеле маъруф мешиносанд, ки аз ҳафт-ҳаштсолагиаш ба навиштани сафарнома ва саргузаштҳои мухталифаш шурӯъ кардааст. Вай дар 23-солагӣ бо достони нахустинаш "Протокол" маъруфият касб кардааст. Барои авввалин бор баъди соли 1985 аст, ки ҷоизаи адабиёти Нобел бо арзиши 1,4 миллион доллар ба як нависандаи фаронсавӣ тақдим мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG