Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист 1 зина поин шуда, ба радифи 155-ум фуромад ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (70-ум), Қирғизистон (127-ум), Қазоқистон (131-ум) ва пеш аз Туркманистон (158-ум) ҷойгир шудааст. Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи пешазохирин - 14-ум - қарор дорад.

Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 3 зина болотар - ба радифи 9-ум баромад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Литва (37). 4. Беларус (59). 5. Латвия (64). 6. Молдова (65). 7. Узбакистон (70). 8. Гурҷистон (97). 9. Арманистон (101). 10. Қирғизистон (127). 11. Қазоқистон (131). 12. Эстония (137). 13. Озарбойҷон (143). 14. Тоҷикистон (155). 15. Туркманистон (158).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Ҳуланд, Хорватия, Аргентина, Ҷумҳурии Чех, Русия ва Португалия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (32), Австралия (34), Эрон (48), Арабистони Саъудӣ (51), Куриёи Ҷанубӣ (55), Узбакистон (70), Баҳрайн (72), Ироқ (77), Қатар (78) ва Уммон (94).

XS
SM
MD
LG