Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО: Масрафоти низомии Афғонистон бояд зиёд шавад


Дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер гуфт, ки алорағми бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ кишварҳори аъзо бояд мизони масрафоти худро дар ин паймони низомӣ афзун гардонанд. Изҳороти мазкур имрӯз дар рӯзномаи маҷористонии "Nepszabadsag" дар соатҳое ба нашр расид, ки вазирони дифои кишварҳои узви НАТО як нишасти дурӯзаи худро дар Будапешт шурӯъ карданд. Дар меҳвари сӯҳбатҳо роҳҳои афзоиши кӯмак ва тавоноии нирӯҳои ин паймон дар Афғонистон қарор дорад. НАТО раҳбарии Нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятиро дар Афғонистон ба ӯҳда дорад, ки ҷамъан шуморашон беш аз 50 ҳазор нафар мебошад. Скеффер дар сӯҳбат бо рӯзномаи маҷористонӣ гуфтааст, ки ҳузури НАТО дар Афғонистон бояд барои солҳои тӯлонӣ дар назар гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG