Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди сафири Бритониё аз Рашту Бадахшон


Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грем Лотен дар як ҳайати иборат аз кормадони сафорат ва хабарнигорон боздиди худро аз водии Рашт шурӯъ кард. Ин сафар то 14-уми октябр идома хоҳад кард ва дар ин муддат ҷараёни иҷрои тарҳҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллие, ки аз ҷониби сафорат маблағгузорӣ мешаванд, мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар паи Рашт ҳайати сафорат ба Бадахшон меравад ва бо вазъи сохтмонҳои баъзе посгоҳҳои марзӣ воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки бо пули сафорат таъмир шудаанд, шинос хоҳад шуд. Дар иттилоияи сафорат аз қавли Грем Лотен омадааст, ки бино ба як масъалаи ҷаҳонӣ будани қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкили ҷилавгирӣ аз он бояд дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шавад. Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки сафорати Бритониё аз апрели соли 2005 то декабри соли 2006 ба маблағи 2 миллион Евро тарҳҳои мухталифи марбут ба мудирияти марз ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Бадахшонро маблағгузорӣ кардааст. Кӯмаки нави сафорат ба маблағи 500 ҳазор футн стерлинг (ҳудудан як миллион доллари амрикоӣ) навсозии посгоҳҳои марзиро дар назар мегирад.
XS
SM
MD
LG