Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консертҳои Далер Назаров дар Маскав


Сомонаи интернетии Ferghana.Ru бар пояи иттилои продюсери мусиқӣ Нозим Нодиров хабар медиҳад, ки моҳи ноябр дар Маскав консерти ҳунарии ситораи ҳунари тоҷик Далер Назаров дар назар гирифта шудааст. Оқои Нодиров гуфтааст, ки ин нахустин консерти Далер Назаров тайи чанд соли охир дар Маскав мешавад, ки ба таври зинда ва бо тақдими маъруфтарин оҳангҳои овозхон ва оҳангсози маҳбуб баргузор мешавад. Баргузории консертҳои вай дар таърихи 9 ва 14-уми ноябр дар клуби "Тсистерна" дар назар аст. Далер Назаров муаллиф ва хонандаи таронаҳои маъруфи "Турки шерозӣ", "Мастам-мастам", "Чак-чаки борони баҳор", "Рӯдакӣ" ва ғайра мебошад. Солҳои охир вай бо офариниши оҳангу таронаҳо ва нақшҳо дар синамо машғул буда, дар Душанбе ва Алмаато ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG