Пайвандҳои дастрасӣ

Оромии нисбӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ


Чунин ба назар мерасад, ки кам шудани мизони баҳраи бонкӣ аз ҷониби бонкҳои марказии ИМА, Канада ва Аврупо ба бозорҳои молии ҷаҳон оромии нисбӣ овардааст. Тиҷорати имрӯза дар бозорҳои саҳҳоми Аврупо ва Осиё бо нишондодҳои мусбат шурӯъ шуд. Рӯзи чоршанбе дар паи Ҳонг-Конгу Тайван ва Кореяи Ҷанубӣ Чин ҳам мизони мафоди бонкиро поин бурд. Бо ин вуҷуд, бозорҳои қарздиҳанда аз тарси бесуботии вазъи сохторҳои молӣ ва пастравии нишондодҳои сартосарии иқтисод ҳанӯз ҳам дар як ҳолати асабоният қарор доранд. Вазири молияи Амрико Ҳенрӣ Полсон рӯзи чоршанбе ҳушдор дод, ки алорағми тахсиси нақшаи наҷоти 700-миллиарддолларӣ интизор меравад, ки сохторҳои молии ИМА суқут кунанд. Инчунин рӯзи чоршанбе Сандуқи байналмилалии пул аз уфти шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ дар рӯзҳои оянда ҳушдор додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG