Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев, Раҳмон дар Бишкек ба сар мебаранд


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар пешорӯи нишасти кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд вориди пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек шуд. Медведев бояд имрӯз бо ҳамтои қирғизаш Қурмонбек Боқиев дидору мулоқоте анҷом диҳад. Рӯзи ҷумъа, 10 октябр раҳбарони 11 кишвари Муштарак-ул-Манофеъ дар Бишкек ташкили ҷаласа мекунанд. Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар пайи низои моҳи август дар Осетияи Ҷанубӣ, ки миёни артишҳои Гурҷистон ва Русия сар зад, гуфт, ки кишвараш аз ҳайати ин созмон берун мешавад. Дар баробари ин мавзӯъ дар ин нишаст қарор аст масоили иқтисодӣ низ баррасӣ шавад. Дар кори ин ҳамоиш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат мекунад. Тибқи иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар Бишкек, Раҳмон аллакай вориди Қирғизистон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG