Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомборони қароргоҳи аслии полис дар Исломобод


Имрӯз таркиши пурқудрате дар наздикии қароргоҳи аслии полис дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод ба вуқӯъ пайваст. Гузоришҳои мухталиф ба таркиши мошини ҳомили бомба дар ин маҳал ишора карда мегӯянд, ки дасти кам 8 нафар маҷрӯҳ шуданд. Як мақоми полис Муҳаммад Ҳафиз гуфт, ки ҳадди аққал як қисмати минтақаи мавсум ба Хати Полис ба коми оташ рафтааст. Ҳодисаи мазкур дар ҳоле гузориш мешавад, ки қонунгузорони покистонӣ барои баррасии вазъи амниятии кишварашон ташкили ҷаласа карда, масъалаи ширкати муттафиқи аслии Покистон - ИМА-ро дар муборизаи зидди ҷангиёни исломӣ баррасӣ мекунанд. Чанд ҳафта пеш дар пайи таркиши хунини мошини борбари ҳомили бомба, ки меҳмонхонаи Mariott-и Исломободро ҳадаф қарор дода буд, 54 нафар ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG