Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юшенко порлумони Укроинро пароканда кард


Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко

Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко

Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко дар пайи нокомии талоши аҳзоб барои ташкили кобинаи нави вазирон порлумонро пароканда кард.

Раисиҷумҳури Укроин бо як паёми телевизионӣ ба мардум муроҷиат карда, интихоботи ҷадид ва зудҳангоми порлумонӣ эълон кард.

Аз иттиҳод бо тарафдорони сарвазир Юлия Тимошенко хориҷ шудани ҳизби президент мунҷар ба фурӯпошии эътилофи “норанҷӣ”-и ҳоким дар кишвар дар моҳи сентябр шуд.

Тимошенко ва Юшенко, ду муттаҳиди аслӣ дар рӯзҳои “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, акнун дар ду сангари мухталифи сиёсӣ қарор гирифтаанд.

Юлия Тимошенко қарори президент дар мавриди пароканда кардани порлумон ва эълони интихоботи зудҳангоми порлумониро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, ҳадафи Виктор Юшенко барканор кардани ӯ аз мақоми сарвазирист.

XS
SM
MD
LG