Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Русия минтақаҳои ҳоилро тарк кардаанд


Normal 0

Вазорати умури дохилаи Гурҷистон мегӯяд, Русия хуруҷи нирӯҳояш аз минтақаҳои ҳоил, ё худ буферии атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби ин кишвар – Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро ба поён овардааст. Нирӯҳои Русия бояд то поёни рӯзи чоршанбе ҳамаи 6 посгоҳи боқимонда дар атрофи Осетияи ҷанубиро тарк мекарданд. Сухангӯи вазорати дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвилӣ гуфт, нирӯҳои русӣ аз кулли минтақаҳои ҳоил берун рафтаанд. Ҷараёни хуруҷи ин нирӯҳоро ҳайъати нозирони ИА назорат мекард. Бар асоси қарордоди оташбасе, ки дар пайи низоъи низомии миёни Русияву Гурҷистон дар моҳи август бо миёнҷигии ИА ҳосил шуд, Русия мукаллаф шудааст, то рӯзи ҷумъа ҳама нирӯҳои худро аз хоки Гурҷистон берун кашад.

Вале Маскав мегӯяд, дар Абхозистону Осетияи ҷанубӣ беш аз 7000 сарбози худро мустақар хоҳад кард.


XS
SM
MD
LG