Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Косово ба додгоҳи Ҳейг меравад


Normal 0

Маҷмаъи умумии СММ дархости Сербистон дар мавриди дар додгоҳи Милали Муттаҳид баррасӣ кардани масъалаи қонунияти истиқлоли Косоворо тасвиб кард.

Интизор меравад, ки муҳокимаи ин мавзӯъ дар Додгоҳи байналмилалии Ҳейг аз 1 то 2 солро дар бар бигирад.

Сарвазири Сербистон бо истиқбол аз ин қарор гуфт, тасмими Маҷмаъи умумӣ ҳокист, ки қазияи Косово шоистаи муҳокима дар додгоҳи байналмилалист.

Косово дар моҳи феврал истиқлолияташ аз Сербистонро эълон кард ва Амрико ва бисёре аз кишварҳои Аврупо алакай ин кишварро ба расмият шинохтаанд.


XS
SM
MD
LG