Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми муштараки бонкҳои марказӣ алайҳи бӯҳрон


Normal 0

Дирӯз Бонкҳои марказии Амрикову Аврупо ва ҳамин тавр бонҳои миллии Шветсия, Швейтсария, Бритониё ва Канада ба хотири ташвиқи фаъолиятҳои иқтисодӣ муштаракан иқдом карда, фоизи баргаҳои қарзро пойин бурданд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ рӯзи чоршанбе ҳамоҳанг сохтани талошҳо байни давлатҳо ва бонкҳои марказиро танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз фурӯпошии иқтисодҳо ва муқобила бо тӯфони, ба гуфтаи Саркозӣ, “бемислумонанди молӣ” номид.

Бритониё барои муқобила бо бӯҳрон 50 миллиард паунд ва Испания ба ин хотир 50 миллиард евро ҷудо кардаанд. Ин иқдомот дар пайи иқдоми Амрикост, ки ҳафтае пеш барои расидагӣ ба бӯҳрони фазояндаи молӣ як барномаи пурҳазинаи 700-миллиарддоллариро тасвиб кард.


XS
SM
MD
LG