Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфиёти барандаҳои Нобел зидди саратон


Муҳаққиқон Осаму Шимомураи ҷопонӣ, Мартин Чалфӣ ва Роҷер Тсиени амрикоӣ имрӯз барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё гардиданд. Гуфта шуд, ки доварони ҷоизаи Нобел заҳматҳои онҳоро дар кашфу инкишофи маводи протеин, ки бо исми "сафедаи сабзи флуоростент" (дар илми кимиё - GFP) маъруф аст, қадр кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар зери нурҳои махсус ранги ин сафеда ҷилои сабз медодааст. Бори аввал ин мавод дар пӯсти ситораи дарёӣ ё медуза кашф шуда то имрӯз дар илми биохимия ва биологияи молекулярӣ барои назорат аз таҳаввулоти дохили ҳуҷайраҳо, ба вижа ҳуҷайраҳои марази саратон ва Алсгеймер фаровон истифода шудааст.
XS
SM
MD
LG