Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон


Аҳмадҷони Муҳаммад дар рақобатҳои фардӣ байни писарон соҳиби ҷойи якум шуд
Аҳмадҷони Муҳаммад дар рақобатҳои фардӣ байни писарон соҳиби ҷойи якум шуд

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шоми 8-уми октябр ба анҷом расид.

Давраи чаҳоруми ин мусобиқот бо ширкати 52 варзишгари то 14-сола аз чаҳор кишвар – Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон тӯли шаш рӯз идома кард.

Теннисбози навраси тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад, ки дар рақобатҳои фардӣ байни писарон дар бозии ниҳоӣ бар теннисбози Узбакистон Темур Ҳабибулин бо ҳисоби 6:1, 6:3 ғалаба кард, барои дуввумин бор паиҳам барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон гардид. Темур Ҳабибулин дуввум шуд. Варзишгари Эрон Адаби Сино ҷои севвумро касб кард.

Дар рақобатҳои фардӣ миёни духтарон теннисбози Узбакистон Сабина Шарифова барои севвумин бор ғолиб омад. Вай дар даври ниҳоӣ бар варзишгари тоҷик Сарвинози Саидмуҳаммад, ки дуввум шуд, бо ҳисоби 6:1, 6:1 пирӯз гардид. Теннисбози дигари тоҷик Таҳмина Бурҳонова дар ҷои севум қарор гирифт.

Сабқати ҷуфти занона бо пирӯзии Сабина Шарифова ва Сарвинози Саидмуҳаммад ба анҷом расид. Дар сабқати ҷуфти мардона теннисбозони Эрон Адиби Сино ва Муртазо Муаззам ҷои аввалро касб карданд.

Ба ғолибони мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ 1000 доллар ва дар рақобатҳои ҷуфтӣ 800 доллар супурда шуд.

XS
SM
MD
LG