Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «ТajikAir»-ро тақсим мекунанд


Раиси ширкати "ТоҷикЭйр" Ҳокимшо Тиллоев

Раиси ширкати "ТоҷикЭйр" Ҳокимшо Тиллоев

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи таҷдиди сохтории ширкати ҳавонавардии «ТajikAir»-ро таҳия кардааст.

Бар асоси тарҳи мазкур, қарор аст, то поёни соли равон ширкати «ТоҷикЭйр» ба панҷ корхонаи воҳиди давлатӣ тақсим шуда, ҳар яке роҳбар ва буҷаи ҷудогона хоҳад дошт. Назира Давлатова, сухангӯи ширкати «ТоҷикЭйр», бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар заминаи ин ширкат, таъсис ёфтани ширкати нави мавсум ба «ТоҷикЭйр», ҳамчунин корхонаи давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва чаҳор фурудгоҳи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа дар назар аст. Хонум Давлатова афзуд:

«Бар асоси қарори ҳукумати кишвар, ҳамакнун як камиссиюни босалоҳияти ҳукуматӣ таъсис дода мешавад, то ба тақсими амволи ширкати «ТоҷикЭйр» машғул гардад. Тавре медонед, ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2006-ум дар мавриди таҳияи тарҳи таҷдиди сохтории «ТоҷикЭйр» қароре содир карда буд ва тибқи он, моро мебояд ширкати ҳавопаймоиро тадриҷан ба чанд корхонаи воҳиди давлатӣ тақсим намоем ва бо анҷом ёфтани кори камиссиюни ҳукуматӣ ва тақсими амвол, чаҳор фурудгоҳи байнулмилалии кишвар, ширкатҳои «ТоҷикЭйр» ва «Тоҷикаэронавигатсия» ба ҷамъиятҳои бози саҳҳомӣ табдил хоҳанд ёфт ҳама сад дар сади саҳмияҳо дар ихтиёри давлати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд».

Назира Давлатова, сухангӯи ширкати давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр», ҳамчунин гуфт, раванди таҷдиди сохтории ширкати мазкур то охири имсол бояд ба анҷом бирасад ва дар заминаи «ТоҷикЭйр» панҷ корхонаи воҳиди давлатӣ ва дар соли ояндаи 2009-ум ин корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бадал хоҳанд ёфт. Ва аммо иддае аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ бар ин назаранд, ки таҷдиди сохтории ширкати «ТоҷикЭйр» чандон судманд нахоҳад буд, чун дар ниҳоят тамоми моликият ва саҳмияи ин ширкат дар ихтиёри давлат боқӣ мемонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2007-ум эълом дошт, ки панҷ корхонаи бузурги давлатӣ, бо шумули «ТоҷикЭйр», «Тоҷиктелеком», «Тоҷиксемент», «Телерадиоком» ва «Тоҷиккимиёсаноат»-ро хусусӣ мегардонад, аммо ин нақша рӯйи коғаз ва иҷронашуда боқӣ монд. Гузашта аз ин, масъулини ширкати «ТоҷикЭйр» мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон фикри хусусисозии ширкати мазкурро аслан дар сар надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки аз соли 2007 дар ин кишвар раванди хусусигардонии корхонаҳои бузурги давлатӣ шурӯъ шудааст ва то соли 2010 инчунин ширкатҳои «Барқи тоҷик», «Тоҷикгаз», «ТАЛКО», «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Нафтрасон» низ хусусӣ хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз корхонаҳои номбаршуда дар ду соли ахир фурӯхта нашуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG