Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба афзоиши нирӯҳо дар Афғонистон


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс имрӯз аз раҳбарони давлатҳои Аврупои Шарқӣ даъват кард, ки ба Афғонистон нирӯи бештар фиристанд. Гейтс имрӯз дар шаҳри Оҳриди Македония дар нишасти вазирони дифои кишварҳои Аврупои ҷанубиву шарқӣ иштирок кард. Дар ин ҳамоиш намояндаи 11 кишвари аврупоӣ, ба шумули Молдова ва Украина иштирок карданд. Ин кишварҳо дар маҷмӯъ 5100 сарбози худро ба Афғонистон фиристодаанд. Гейтс қарор аст идомаи мавзӯи афзоиши нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа дар Маҷористон дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG