Пайвандҳои дастрасӣ

"Ихтиёриён"-и машаққат дар майдонҳои пахта


Ҳар касе, ки дар донишгоҳҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил намуда, дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кардааст, ба хубӣ медонад, ки ин амал басо душвор аст. Донишҷӯён субҳи барвақт ба саҳро баромада, то ғуруби офтоб 10-11 соат муназзам пахта мечинанд. Шароити зисту маишат дар канори майдонҳои пахта хеле риққатбор мебошад.

Вале дар Тоҷикистон мақомот исрор меварзанд, ки донишҷӯён довталабона ба пахмтачинӣ мераванд. Олимҷон Зоидов, маъмури Кумитаи кор бо ҷавонони вилояти Суғд мегӯяд, ки сар аз моҳи сентябр дар донишгоҳҳову донишкадаҳои ин вилоят дарсҳо мутаваққиф шудаанд, зеро муҳассилин мехостанд, ки дар маъракаи ғуну чини пахта саҳм гиранд.

Аммо донишҷӯён ин иддаоро, ки онҳо довталабона пахта мечинанд, қабул надоранд. Донишҷӯи хуҷандӣ бо номи Зафар мегӯяд, ки агар онҳо пахта начинанд, онҳоро аз сафи донишҷӯён хориҷ мекунанд. Соли гузашта танҳо дар Хуҷанд 56 донишҷӯйро бо ҷурми саркашӣ аз ширкат дар пахтачинӣ аз донишгоҳҳо хориҷ намуда буданд.

Дар ҷумҳурии Узбакистон ба таври анъанавӣ донишҷӯён ҳамчун нерӯи арзон дар ғуну чини пахта истифода мешаванд. Ин соҳа солона ба Узбакистон як миллиард доллар фоида меорад. Дар ин ҷумҳурӣ истифодаи заҳмати мактаббачаҳоро манъ шудааст, вале дар баъзе вилоятҳои Узбакистон мушоҳидаи мактаббачаҳо дар майдонҳои пахта касро ба ҳайрат намеорад.

Чанде пеш ширкатҳои маъруфи ғарбӣ: TESCO, GAP ва Marks & Spenser изҳор намуданд, ки аз харидории пахтаи Узбакистон даст мекашанд, зеро пахтаи ин ҷумҳурӣ бо дасти кӯдакон ҷамъоварӣ мешавад. Ба ин бойкоти пахтаи Узбакистон Wall-Mart - бузургтарин шабакаи фурӯшгоҳҳои олам ҳамроҳ шуд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Ричард Койл - раиси равобити байнулмилалии Wall-Mart гуфт, онҳо мехоҳанд бо ин роҳ Узбакистонро ба тағйир додани шеваи истифода аз нерӯи кӯдакон водор кунанд.

Дар моҳи сентябр сарвазири Узбакистон санадеро имзо карда, истифода аз заҳмати кӯдаконро манъ намуд. Аммо як кишоварзи узбаки муқими вилояти Сирдарё мегӯяд, то ҳанӯз ин амри мақомот иҷро нашудааст ва мактаббачаҳо ҳамоно ҳосил меғундоранд.

Дар Узбакистону Тоҷикистон бисёриҳо бар ин фикранд, ки сафри назар аз қабули қонунҳо истифода аз донишҷӯёну мактаббачаҳо дар пахтачинӣ идома хоҳад кард. Ду сабаб пеш оварда мешавад:Аввалан, заҳмати донишҷӯён хеле арзон аст: Мақомоти Узбакистон барои чидани як килограмм пахта ба донишҷӯй маблағи муодили 3 сенти ИМА-ро пардохт мекунанд. Сониян, садҳо ҳазор марду зани ду ҷумҳурии ёдшуда дар ҷустуҷӯи кор озими Русияву Қазоқистон шудаанду ҷои онҳо дар ватанҳояшон холист.

Аслан, давраи ғуну чини ҳосил аз моҳи сентябр то охири ноябр давом мекунад. Сипас баъди муддати кӯтоҳе табибону муҳандисону муаллимони оянда ба донишгоҳҳояшон бармегарданду имтиҳон месупоранд ва ин имтиҳон аз илми пахтачинӣ нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG