Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи наҷоти низоми молии Бритониё қабул шуд


Ҳукумати Бритониё ихтисоси кӯмаки бузургҳаҷми молиро барои ба эътидол овардани вазъи бӯҳронии иқтисодиву молии кишвараш эълон кард. Вай гуфт, ки ин кӯмак аз 50 миллиард фунт стерлинг, муъодили 87 миллиард доллар иборат мешавад. Нақшаи наҷоти нахуствазири Бритониё истифодаи молиёти андозсупурандаҳои кишварро дар бонкҳои асосии Бритониё дар назар мегирад. Бар ивази ин, ҳукумат саҳмияҳои ин бонкҳоро ба даст хоҳад овард. Барномаи мазкур инчунин тахсиси 200 миллиард фунт ё 340 миллиард доллар маблағро ба бонкҳои бузургтарини ин кишвар ба унвони қарзи кӯтоҳмуддат дар назар мегирад. Нахуствазири Бритониё Гордон Браун имрӯз зимни суханронӣ дар нишасти матбуотие дар Лондон гуфт, ки нақшаи мазкур барои барқарории эътимод ба низоми молии кишвар қабул шудааст:


"Барномаи эътидол ва таҷдиди сохтории мо фарогир аст. Он хеле вижа буда, заминаҳои навро фароҳам меорад. Барнома барои барқарории эътимод ва боварӣ ба низоми молӣ бунёд шуда, зиёда аз ин, дар оянда низоми бонкии Бритониёро тақвият мебахшад, то ки ба барои пуштибонии ҳуқуқи кор ва комёбии кулли иқтисоди мо хизмат кунад".

Аммо бо вуҷуди эълони маблағгузории нақшаи наҷоти низоми молии ин кишвар, нишондодҳои бозор дар Лондон дар соатҳои аввали корӣ имрӯз 1,67 дар сад поин омад. Дигар бозорҳои умдаи аврупоӣ ҳам уфт карданд. Қимати саҳҳом бозорҳои аслии Русия ҳам то ҳудуди 11 дар сад суқут кард. Субҳи барвақт аз Осиё роҷеъ ба поин омадани нишондодҳои бозор дар Токио хабар расид.

XS
SM
MD
LG