Пайвандҳои дастрасӣ

Набуди ягон чопхонаи муосиру пуриқтидор, адами рӯзномаҳои даврӣ ва дастрасӣ ба манобеъи мунсифонаи иттилоъ, шумори ночизи расонаҳои мустақили хабарӣ, вуҷуди плагиат ё асардуздӣ дар нашрияҳои маҳаллӣ, эҷоди маҳдудиятҳои расмию ғайрирасмӣ дар кори журналистони расонаҳои ҳукуматӣ ва таъқиб барои танқидро таҳлилгарон ва ҷомеашиносони Хатлон аз омилҳои аслии рушди чандон надоштани воситаҳои ахбори омма ва озодии баён дар ҷануби кишвар унвон мекунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки бо гузашти беш аз 17 сол аз касби истиқлоли давлатӣ ҳам, ҳанӯз журналистикаи Хатлон ба истиқлоли воқеӣ нарасидааст. Дар миёни 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа танҳо як телевизиони мустақил ва як нашрияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки телевизиони мустақили «Қӯрғонтеппа» ҳар шом на беш аз 4 соат барнома пахш мекунад ва он ҳам аксаран барномаҳои тафреҳӣ, аммо танҳонашрияи ғайриҳукуматии «Бомдод» ба иллати камбуди молӣ ба гоҳнома табдил ёфтааст.

Гузашта аз ин, ба иддаои созмонҳои журналистӣ, бархурди мақомоти вилояти Хатлон бо журналистони расонаҳои мустақили ғайриҳукуматӣ чандон «гарм» нест. Дилором Маҳкамова, мусъули дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд:

«Мақомоти маҳаллӣ шояд бар ин андеша ҳастанд, ки журналистони расонаҳои ғайриҳукуматӣ ҳамеша аз дидгоҳи танқидӣ ба кори онҳо баҳо медиҳанд ва мақолаҳои пурғаразу бӯҳтономез менависанд ва бештар аз нашрияҳои ҳукуматӣ дастгирӣ мекунанду ба маҷлису маъракаҳои ҳукуматӣ асосан онҳоро даъват мекунанд. Мебояд амалдорон дар чунин бархурди худ бо расонаҳои мустақил таҷдиди назар кунанд. Нишон додан, инъикос кардани паҳлӯҳои норӯшани ҳаёт ва ё проблемаҳои ҳалталаби рӯз аз вазоифи аслии қурналистика аст ва ин корро дар шароити имрӯза танҳо расонаҳои мустақил анҷом медиҳанд...».

Ин андешаи Дилором Маҳкамова, мусъули дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дарҳои на ҳама мақомоти ҳукуматӣ ба рӯйи хабарнигорони расонаҳои мустақил боз аст, гоҳе дар миёни намояндагони садо ва симои давлатӣ ҳам пуштибон пайдо мекунад, аммо на ҳама ошкоро вуҷуди чунин мушкилро иқрор мекунанд. Хуршед Сафаров, мудири дафтари телевизиони давлатии «Сафина» дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд:

«Дар воқеъ, дар тамоми кишварҳои мутамаддин аз нерӯи расонаҳои хабарӣ бо алоқамандии хоса истифода мекунанд. Расонаҳои хабарӣ ҳам аслан ғайриҳукуматианд. Дар асри нав, ки асри иттилоотӣ унвон мешавад, мебояд дар роҳи дастгирии расонаҳо давлат таваҷҷӯҳи бештар зоҳир бикунад ва шумори расонаҳои чопию электронӣ афзоиш ёбад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои намояндагии НАНСМИТ дар вилояти Хатлон, хабарнигорони хатлонӣ ҳар гоҳе аз нақзи ҳуқуқи муаллифӣ, вуҷуди мавонеъ дар дастрасии ахбор, пардохт нашудани ҳаққи қалам ва ҳатто таҳдиду таъқиб аз сӯйи мансабдорони маҳаллӣ ба ин анҷуман шикоят бурдаанд.

Мушкили дигари матбуоти Хатлон, ки ноширони рӯзномаҳо, аксаран нашрияҳои ҳукуматӣ, аз он ҳарф мезананд, набуди як чопхонаи муосир ва қодир ба нашри босифати рӯзномаҳои даврӣ мебошад.

Нашрияҳои ҳукуматии Хатлон феълан бинобар набуди як чопхонаи муосир дар ҷануби кишвар, ҳамагӣ дар чопхонаҳои шаҳри Душанбе ба нашр мерасанд.

Тақрибан дар як соли қабл масъулини дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар оянда дар ҳар як води кишвар чопхонаҳои нави замонавӣ бунёд мешавад, то ки ноширон барои чопи рӯзномаҳои худ ҳама ба пойтахт роҳ наҷӯянду мушкилашон осон шавад. Аммо ҳамоно аз он тасмими маъмурияти раиси ҷумҳур ҳеҷ нишоне, бавижа дар водии Вахш ба мушоҳада намерасад.

XS
SM
MD
LG