Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» мегӯяд, эҳиёҷот ва вобастагии аҳолии водии Вахш ба гази воридаи Узбакистонро коҳиш додааст.

Аҳолии чандинҳазораи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар пешорӯи зимистон аз истифодаи гази воридаи Узбакистон даст кашиданд, зеро ахиран аз кони гази маҳаллии Қизилтумшуқ, воқеъ дар ноҳияи Румӣ, то ба ин шаҳр лӯлаи нави интиқоли газ насб гардид.

Ба иттилои Қутбуддин Хоҷаев, сардори Корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», насб шудани шоҳқубури нави газгузар ба дарозии 5 километр то ба шаҳри Сарбанд имкон фароҳам овард, ки ҳамакнун беш аз дуюним ҳазор хонаводаи сарбандӣ бо гази арзону доимӣ таъмин шаванд.

То ин замон аҳолии шаҳри Сарбанд танҳо чаҳор соат дар як рӯз бо гази воридаи Узбакистон таъмин мешуд ва барои истифода аз он ҳар як нафар 17 сомонӣ пардохт мекард. Ва аммо ба гуфтаи масъулин, ҳамакнун сарбандиҳо барои истифода аз гази маҳаллӣ танҳо 4 сомонию 25 дирам, яъне чаҳор маротиб арзонтар аз гази узбакӣ, пардохт хоҳанд кард.

Сокинони Сарбанд мегӯянд, гази маҳаллии Қизилтумшуқ арзону дастрас аст, ҳамарӯза аз соати 11-и рӯз то 9-и шаб аз он истифода мекунанд, аммо қиёсан сифаташ пасттар аст. Ахиран мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ҳам бо таъкид ба сифати пасти гази маҳаллӣ ва эҳтимоли таъсири манфии он ба сиҳҳатии омма, аз «Қӯрғонтеппагаз» тақозои манъи истифода аз гази кони Қизилтумшуқро кард.

То 15 дар сад сифати пасттар аз гази узбакӣ доштани гази кони Қизилтумшуқро масъулини идораи газ ҳам иқрор мекунанд, аммо мегӯянд, барои сиҳатии омма он зиён надорад. Қутбуддин Хоҷаев, сардори Корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз»:

«Дар ҳақиқат гази маҳаллӣ ифлос ҳаст то ҷое, аммо ман гуфта наметавонам, ки гази Қизилтумшуқ аз кадом нуктаи назар ба саломатии мардум зарар дорад, тавре ки мақомоти кумитаи амният иддао пеш меоранд. Оё ба гурдаи инсон, ё шояд роҳҳои нафас, ё дигар узвҳои одам зарар дорад, ниҳоде ба мо ингуна хулоса надодааст. Мо ҳам аз ин хотир, аз КАМ хоҳиш кардем, ки барои исботи иддаояш хулосаи тиббӣ ва асоснокро ба мо бидиҳад, танҳо дар он сурат омодаем, интиқоли газро мутаваққиф созем…»/

Оқои Хоҷаев афзуд, аммо гази кони Қизилтумшуқ нисбат ба гази Хоҷа Сартез, ки аз он дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон истифода мебаранд, бамаротиб сифати баланд дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар гузаштаи начандон дур корхонаи «Кӯлобгаз» бар ивази як миллион доллар дастгоҳи вижаи тозакунии газро харидорӣ ва дар кони Хоҷа Сартез насб карда буд, аммо бинобар ифлосии берун аз ҳадди газ, он дар чанд рӯз аз кор баромадааст.

Ҳамакнун масъулини риштаи газ ҷиҳати коҳиши зиёни газ дар чоҳҳои истеҳсоли гази Қизилтумшуқ сепараторҳои ҷадид насб кардаанд. Гузашта аз ин, ба таъкиди Маркази вогиршиносии Хатлон ҳам, гази истихроҷмешуда аз чоҳҳои Қизилтумшуқи ноҳияи Румӣ ба ваҷҳи умум, барои саломатӣ зиён надорад.

Сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Ҷалолуддини Румӣ, Бохтар ва қисман Вахш 24 соат дар як шабонарӯз аз гази маҳаллии кони Қизилтумшуқ истифода мекунанд. Бо дарназардошти шумораи аҳолии шаҳру навоҳии мазкур, метавон ҳадс зад, ки теъдоди истифодабарандагони газ дар водии Вахш болиғ аз сад ҳазор нафар аст.

XS
SM
MD
LG