Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама ва Ҷон МакКейн, номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико дар шаҳри Нешвилл, дар ҷануби Амрико, баҳси дуввуми пешазинтихоботии худро барпо карданд.

Дар пасманзари бӯҳрони шадиди молие, ки низоми моливу бонкии Амрико ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, тамаркузи номзадҳо дар ин давраи баҳс асосан рӯи масоили иқтисодӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз вартаи ин бӯҳрон буд.

Барак Обама, номзади ҳизби демократ гуфт, иқтисоди Амрико дар панҷаи як бӯҳрони аз замони Бӯҳрони бузурги солҳои 1929-1933 бадтарин қарор дорад. Обама ваъда дод, ки ӯ дар сурати пирӯзӣ ва расидан ба курсии раёсати ҷумҳурӣ фишори молиётро барои синфи миёнаи Амрико коҳиш хоҳад дод:

“Синфи миёна ба як барномаи наҷот ниёз дорад. Ин маънои кам кардани молиёт барои синфи миёнаро дорад, ин маънои кӯмак ба соҳибони манзилро дорад, то ки тавонанд манзили худро ҳифз кунанд. Ин барномаи наҷот бчунин маъно дорад, ки мо ба ҳукуматҳои аёлатӣ ва маҳаллӣ дар амри роҳандозии барномаҳое, ки ҷойи кори мардумро ҳифз кунанд, кӯмак хоҳем расонд.”

Рақиби Обама аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн гуфт, агар ӯ ба симати раёсати ҷумҳурӣ интихоб шавад, ба вазорати дороӣ дастур хоҳад дод, то қарзҳои бади бонкҳоро харидорӣ карда, ба хотири кӯмак ба он соҳибони манзил, ки дучори мушкил шудаанд, ин қарзҳоро бозбинӣ кунад.

“Ба ҳайси раисҷумҳури Амрико, ман ба вазорати дороӣ дастур хоҳам дод, ки қарзҳои бади бозори манзили Амрикоро билофосила харидорӣ карда, ва ин қарзҳоро тибқи нархҳои нави манзил, тибқи нархҳои пойинрафтаи ин манозил бозбинӣ кунад ва ба мардум имкон ва тавони пардохтани пули қарзи онҳо ва ҳифзи манзилашонро фароҳам созад.”

Обама дар Нешвилл гуфт, ки ӯ миллиардери маъруф Уоррен Баффетро дар курсии вазири дороӣ мебинад. МакКейн дар посух гуфт, ӯ мехоҳад дар ин симат Мег Витман, мудиромили собиқи музоядаи интернетии Ибейро бубинад.

Дар ҷараёни баҳси имрӯза Барак Обама ва Ҷон МакКейн ба суолҳои интихобкунандагоне посух доданд, ки ҳанӯз аз байни ин ду номзад интихоби худро накардаанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 4 ноябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG