Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси дуввуми Обама ва МакКейн оғоз ёфт


Normal 0

Дар шаҳри Нешвилл, дар ҷануби Амрико, баҳси дуввуми пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раёсати он ҷумҳурӣ Барак Обама ва Ҷон МакКейн идома дорад.

МакКейн гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ ба вазорати дороӣ дастур хоҳад дод, қарзҳои бади бонкҳоро харидорӣ карда, ба хотири кӯмак ба он соҳибони манзил, ки дучори мушкил шудаанд, ин қарзҳоро бозбинӣ кунад. Обама гуфт, ки ӯ миллиардери маъруф Воррен Баффетро дар курсии вазири дороӣ мебинад. МакКейн дар посух гуфт, ӯ мехоҳад дар ин симат Мег Витман, мудиромили собиқи музоядаи интернетии Ибейро бубинад.


XS
SM
MD
LG