Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юшенко парлумони Украинаро мунҳал мекунад?


Normal 0

Дафтари раисиҷумҳури Украина мегӯяд, ки Виктор Юшенко рӯзи чоршанбе бо раҳбарони аҳзоб эҳтимоли мунҳал кардани парлумони феълиро машварат хоҳад кард.

Ин музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба хабарҳо, талоши аҳзоб ҷиҳати ташкили эътилофи ҷадид ба хотири ташкили кобинаи нави вазирон ба нокомӣ анҷом ёфтааст.

Эътилофи ҳоким дар Украина моҳе пеш дар пайи хуруҷи ҳизби президент Юшенко аз иттиҳод бо ҷунбиши сарвазир Юлия Тимошенко фурӯ пошид. Юшенко муттаҳиди собиқашро айбдор кард, ки ба хотири коҳиш додани салоҳиятҳои раисиҷумҳур бо мухолифини Маскавгарои давлат ҳамдастӣ кардааст.


XS
SM
MD
LG