Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дзюдоро аз Путин меёмӯзем"


Normal 0

Рӯзи сешанбе дар Русия як навори ДВД бо акси сарвазири кунунии он кишвар Владимир Путин зери унвони “Биёед, гуштии дзюдоро бо Путин биёмӯзем” нашр шуд.

Матбуоти Русия то кунун низ ба хотири таблиғи Путин саҳнаҳои гуштигирии ӯ ва ҳамин тавр, велосипедрониву моҳидорӣ ва ҳатто дар ҷангалистони Сибир бо паланги амурӣ сари панҷа гирифтани сарвазирро фаровон намоиш медоданд.

Владимир Путин дар даврони ҷавониаш як дафъа дар зодгоҳаш, шаҳри Санкт-Петербург дар мусобиқоти шаҳрии гуштии дзюдо унвони қаҳрамониро ба даст овардааст.


XS
SM
MD
LG