Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ милисаи тоҷик ба Судон мераванд


Normal 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, 5 корманди ин вазорат ба хотири адои хидмат дар ҳайъати нирӯҳои посдори сулҳи СММ ба кишвари африқоии Судон мераванд. Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин 5 нафар аз байни 25 довталаб тавассути озмуни дар Душанбе ва Маскав баргузоркардаи СММ интихоб шудаанд.

Милисаҳои тоҷик дар манотиқи хушунатзадаи Судон як сол адои хидмат хоҳанд кард. Ин барои бори аввал аст, ки маъмурони интизомии Тоҷикистон барои ширкат дар амалиётҳои байналмилалии башардӯстона интихоб мешаванд.


XS
SM
MD
LG