Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури нируҳои Олмон дар Афғонистон тамдид шуд


Ҳукумати Ангела Меркел-нахуствазири Олмон имруз тасмим гирифт, ки муҳлати ҳузури нируҳои Олмон дар Афғонистонро барои 14 моҳи дигар тамдид кунад. Бад-ин тартиб нируҳои Олмон то поён ёфтани интихоботи порламонии Афғонистон дар соли 2009 дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд. Тибқи тасмими мазкур қарор аст шумораи нируҳои Олмон дар Афғонистон бештар аз ҳазор нафари дигар афзоиш ёбад ва аз 3 ҳазору 300 нафар ба 4 ҳазору 500 нафар бирасад. Нируҳои Олмон аслан дар қисматҳои шимоли Афғонистон мустақаранд.

XS
SM
MD
LG