Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми баландпояи Амрико аз Косово боздид мекунад


Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико имруз вориди Косово шуд. Аз замони истиқлоли Косово аз Сербистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ Роберт Гейтс болотарин мақоми Амрикост, ки аз Косово боздид мекунад. Оқои Гейтс гуфтааст, ҳадафи боздидаш мулоқот бо сарбозони амрикоист. Вай ин нуктаро, ки боздидаш аз Косово ба маънии фиристодани паём ба Руссия аст, рад кард.


"Ман танҳо мехоҳам бигуям, ки ба бовари ман, тақсимот ҳоло ва дар оянда ҳеҷ гоҳ роҳи ҳали Косово нахоҳад буд. Амрико аз тамомияти арзии Косово ҷонибдорӣ мекунад".

Аммо Руссия бо истиқлоли Косово мухолиф аст ва муносиботаш бо Ғарб баъд аз истиқлоли Косово, ба вижа баъд аз даргирӣ бо Гурҷистон, сард шудааст. Интизор меравад, ки Роберт Гейтс рузи панҷшанбеву ҷумъа дар Маҷористон дар мулоқоти вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони НАТО ширкат ҷуяд.

XS
SM
MD
LG