Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон:Ҳавопаймои Амрико ҳарими Иронро нақз кардааст


Хабаргузории Форси Ирон иттилоъ додааст, ки як ҳавопаймои низомии Амрико бидуни қасде ҳарими ҳавоии Иронро нақз кардааст ва онро иҷборан дар Ирон фуруд овардаанд. Хабаргузории Форс иттилоъ надодаст, ки ин ҳодиса кай рух додааст. Вале навиштааст, ки нақзи ҳарим барқасд набудааст ва панҷ афсари аршади Амрико баъд аз бозпурсӣ дар яке аз фурудгоҳҳои Ирон раҳо шудаанд. Вале имруз сухангуи вазорати дифоъи Амрико ин хабари матбуъотии Иронро рад кард ва гуфт, ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар қаламрави Ирон фуруд наомадааст. Баъдтар телвиюни Ирон хабар дод, ки ин ҳавопаймо аз Маҷористон будааст, на аз Амрико.

XS
SM
MD
LG