Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 милисаи тоҷик дар Судон хизмат хоҳанд кард


Ҷиҳати хизмат дар сафи нерӯҳои посдори СММ 5 корманди вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон озими Судон хоҳанд шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки аз ҷумлаи кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон довталабон 25 нафар будаанд интихоби 5 милисаи тоҷик бар асоси озмун аз сӯи СММ дар шаҳрҳои Душанбеву Маскав сурат гирифтааст.

Коршиносон ширкати милисаҳои тоҷик дар ҳалли муноқишаҳои байнулмилалиро далели умдаи узви ҷомиъаи ҷаҳонӣ шинохта шудани Тоҷикистон арзёбӣ карда, мегӯянд, маҳз дар ин самт таҷрибаи нерӯҳои амниятии кишвар кофӣ набудааст ва ширкати онҳо дар ҳалли ҳамчунин қазияҳо бар обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон хоҳад афзуд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос дар умури сиёсӣ Абдуллоҳи Ҳаким мегӯяд, дар амри посдории сулҳ дар манотиқи низоъ беҳтар мебуд аз афроде истифода шавад, ки барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон хизмат кардаанд. Вай афзуд, азбаси сулҳи тоҷикон як дастоварди СММ низ маҳсуб мешавад, афроде, ки дар ҳалли низоъи дохилии Тоҷикистон, бахусус дар кори Кумисиюни оштии миллӣ фаъъолият кардаанд, метавонанд дар ҳалли муноқишаҳои байнулмилалӣ ба созмон кумак расонанд.

Ин аввалин ширкати нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои посдори сулҳи СММ аст.

М. Асадуллоев афзуд, барои ширкат дар ҳифзи сулҳ дар манотиқи ноамни ҷаҳон боз 4 милисаи тоҷик омода ҳастанд ва онҳо ҳанӯз мунтазири хулосаи СММ ҳастанд, ки барои онҳо макони хизматро интихоб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG