Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон: 8-уми октябр - финал


Теннисбозони навраси тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад (аз чап)

Теннисбозони навраси тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад (аз чап)

Теннисбозони навраси тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Сарвинози Саидмуҳаммад ба даври ниҳоии Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Давраи чаҳоруми ин мусобиқоти байнулмилалӣ бо ширкати 52 варзишгари то 14-сола аз чаҳор кишвар – Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Аҳмадҷони Муҳаммад, барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2007, дар сабқати ниманиҳоӣ байни писарон бар теннисбози Эрон Адаби Сино пирӯз гардид. Аҳмадҷон дар сабқати ниҳоӣ 8-уми октябр бо теннисбози Узбакистон Темур Ҳабибуллин қувваозмоӣ хоҳад кард.

Сарвинози Саидмуҳаммад дар сабқати ниманиҳоӣ миёни духтарон бар теннисбози дигари тоҷик Таҳмина Бурҳонова ғолиб шуд. Ҳарифи Сарвиноз дар даври ниҳоӣ ғолиби дукаратаи ин мусобиқот дар рақобатҳои фардӣ, теннисбози узбак Сабина Шарифова мебошад.

Бад-ин тартиб ғолибони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҷуфтӣ 8-уми октябр маълум мешаванд.

Барандагони Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҷуфтӣ мувофиқан бо 1000 ва 800 доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG